ҲАЙАТИ ПРОФЕССОРОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ЛАКНАВИ ШТАТИ УТТАРИ ПРАДЕШИ ҲИНДУСТОН БА ДОНИШГОҲ ОМАДАНД

43

Ҳадаф аз ташрифи ҳайати профессорони Донишгоҳи давлатии Лакнави штати Уттари Прадеши Ҳиндустон ба Донишгоҳи миллӣ тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи мубодилаи идеяҳо, таҳияи китобу нашрияҳо, таҳқиқоти муштараки илмӣ, вусъат додани табодули устодону донишҷӯён ва гузаронидани ҳамоишҳои гуногуни илмию амалӣ, бозомӯзии мутахассисиони риштаи забономӯзӣ ва ғайра арзёбӣ гардид.

Ҳайати профессорони Донишгоҳи давлатии Лакнави штати Уттари Прадеши Ҳиндустон таҳти роҳбарии профессор Ҷаноби Алок Кумар Рай Ҳонбл – ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Лакнав дар мулоқот ҳузур дошта, зимнан қайд намуданд, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва шиносоӣ ба ҳамтоёни худ дар самти муҳокимаи масъалаи бунёдии муассисаҳои таълимӣ ташриф овардаанд.

Намояндагони Доннишгоҳ дар зимн аз имкониятҳои илмию таълимии Донишгоҳ ва ҳамкориҳои он бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар суханронӣ намуданд.

Баъд аз мулоқот меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат ва кафедраи филологияиҲинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳ боздид ба амал оварда, бо садорати факултет ва устодони факултети мазкур вохӯрӣ намуданд.