БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОКТОРАНТОНИ Ph.D

78

Имрӯз (08.02.2025) муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. бо роҳбарон ва докторантони Ph.D-и Донишгоҳ ҷаласса доир намуд.

Дар ҷаласа ба докторантон оид ба дуруст ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмию таҳқиқотӣ ва сари вақт дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, инчунин, нашри мақолаҳои илмию оммавӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои тарбиявию маърифатии факултетҳову Донишгоҳ тавсияҳои судманд дода шуд.

Гуфта шуд, ки фаъолияти докторантони Ph.D бояд аз ҷониби роҳбарон, садорати факултетҳову мудирони кафедраҳо зери назорати ҷиддӣ қарор гирифта, пайваста муваффақиятҳои илмӣ натиҷагирӣ карда шаванд. Дар зимн оид ба масъалаҳои баррасишуда мутасадиёни самти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Такид гардид, ки докторантонро зарур аст, ки бо интизоми намудавӣ дар самти омӯзиши илму таълим талаш варзида, мутахассиси хуби соҳаи хеш гарданд.