АЗ ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ҶОПОНШИНОСӢ ТО ВОХӮРӢ БО ОЛИМОНИ ҶОПОНӢ

25

Дар доираи муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориҳои илмию таълимӣ дар ҳоли рушд қарор дорад. Дар доираи ин ҳамкориҳо Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Имрӯз (26.02.2025) бо мақсади рушди бештари ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи забономӯзӣ дар пояи кафедраи забонҳои хориҷии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Маркази ҷопоншиносӣ кушода шуд.

Ҷиҳати ифтитоҳи маркази мазкур сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Фурута Кейко ба Донишгоҳ ташриф овард.

Қаблан меҳмони олиқадр, хонум Фурута Кейко бо ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. мулоқот намуда, дар робита ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд.

Зимни мулоқот, ректори Донишгоҳ хонум Фурута Кейкоро ба муносибати ба вазифаи баланд ва масъулиятнок – Сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон табрик намуда, дар фаъолияти касбиаш муваффақият орзу намуд. Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди муносибатҳои ҳамаҷанбаи Тоҷикистону Ҷопон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаро бо Ҷопон яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муайян намуда, ба рушди ҳамкориҳои оянда талош менамоем.

Баъдан муҳтарам сафир бо ҳамроҳии роҳбарияти Донишгоҳ аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуд.

Сипас бо иштироки сафир ва намояндагони Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ҷопоншиносӣ ифтитоҳ ёфт. Гуфта мешавад, ки ифтитоҳи Маркази ҷопоншиносӣ дар ДМТ ба рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, таҳкими муколамаи доимӣ ва рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон дар доираи шарикии дарозмуддат мусоидат хоҳад кард. Зикр шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба табодули таҷриба дар фаъолияти илмию эҷодӣ байни устодон ва донишҷӯён, ширкат дар чорабинию ҳамоишҳои муштарак бо макотибҳои олӣ ва ҳамкасбони ҷопонӣ тавассути Маркази ҷопоншиносӣ таваҷҷуҳ менамояд.

Баҳри таҳкими ҳамкориҳои илмию таълимӣ вохӯрии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо намояндагони Донишгоҳи Сукубаи Ҷопон дар толори Ганҷинаи ба номи Ш.Ҳусейнзода баргузор гардид. Дар он намояндагони Донишгоҳи Сукуба атрофи сиёсати байналмилалии Ҷопон, таҷрибаи Ҷопон дар ҳалли низоъҳо ва сулҳсозӣ, инчунин, дастоварҳои илмию таълимии Донишгоҳи мазкур суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Донишгоҳи Сукуба яке аз бузургтарин боргоҳҳои илму дониш дар олам маҳсуб ёфта, ба шарофати майлони тадқиқотӣ ба улуми дақиқ ба ҷаҳон якчанд ҷоизадорони нобелиро додааст. Зикр шуд, ки яке аз вазифаҳои муҳимми Донишгоҳи мазкур таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисос оид ба доираи васеи масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла равобити мутақобила бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои гуногун рушд ёфта истодаанд. Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф аз соли 1993 ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, “Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ” (JDS) дар омодасозии мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент аз соли 2009 то ин ҷониб саҳми назаррас мегузорад.