
6 марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” баргузор гардид.
Ин ҳамоиш ба 25-умин солгарди қабул шудани нахустин ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ва муаррифии китоби “Эмомалӣ Раҳмон ва дипломатияи об: аз қадами аввал то шарокати глобалӣ” бахшида шуд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлат дар соҳаи обу иқлим, ки аз дастгириҳои аксарияти ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдоранд, ба ҳозирин маълумоти муфассал дод. Таъкид гардид, ки нерӯи “дипломатияи об”-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули доираи дӯстони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ ба сифати омили асосӣ нақш бозид ва “Раванди оби Душанбе”-ро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи барномаҳои глобалии рушд гардонида, ба рӯзномаи платформаҳои байналмилалӣ дар ҳамаи сатҳҳо ворид сохт.
Ҳамчунин дар ин конфронси байналмилалӣ Муовини дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Цзюнхуа, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбаев, Дабири кулли ИДМ Сергей Лебедев, Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии метеорологӣ Селеста Сауло, Муовини директори кулли UNESCO Лидия Брито, Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Цилидзи Марвала, Директори глобалии Бонки Ҷаҳонӣ дар таҷрибаи об Сароҷ Кумар, Раиси Кумитаи иҷроияи ФБНА Асхат Оразбай, роҳбарони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, намояндагони агентиҳои СММ ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ, инчунин олимону коршиносон ва намояндагони ВАО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокдорон дар суханрониҳои худ саъю талошҳои Тоҷикистонро зери роҳбарию ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри дарёфти роҳҳалҳои масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ – обу иқлим, саривақтӣ ва пураҳамият арзёбӣ карданд.
Барномаи конфронсро консерти “Оҳангҳои оби тоза” бо ҳунарнамоии ҳунарпешагони ҷавони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов рангину хотирмон гардонид.
www.mfa.tj