ОҒОЗИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒ…” БО ҶАЛБИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ

40

Соли ҳафтум аст, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии сокинони кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Имрӯз (13.03.2025) ҷиҳати дарёфти истеъдодҳои ҷавон дар Донишгоҳи миллӣ даври аввали умумидонишгоҳии озмуни мазкур оғоз гардид.

Зимни кушодашавии озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор, Сафармамадзода С. оид ба аҳамияти фарҳангӣ-маърифатии озмуни мазкур ва паҳлуҳои гуногуни озмун суханронӣ намуда, зикр кард, ки озмуни мазкур дар миёни намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозиву ҷонибдории махсусро соҳиб гашта, ҳамасола ба он доираи васеи хонандагону донишҷӯён, унвонҷӯёну омӯзгорон ва дигар табақаҳои ҷомеа ҷалб мешаванд. Таъкид шуд, ки зимнан дар озмуни мазкур дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд. Бо ин мақсад шаҳрвандон-донишҷӯёни хориҷӣ ба даври умумидонишгоҳӣ ҷалб гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ аз 8-уми феврал то 1-уми марти соли ҷорӣ озмуни мазкур дар сатҳи факултетҳо баргузор гардид, ки дар он 991 нафар довталабон аз ҳисоби донишҷӯёну магистрантон, докторантон ва устодону кормандон иштирок намуданд. Аз инҳо 109 нафар ба даври якуми донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.

Қобили қайд аст, ки дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамасола дар давраҳои гуногун озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.