Агар мо давлати соҳибистиқлол ва озоди худро дӯст дорем, дар навбати аввал бояд пойтахти онро ободу пешрафта гардонем, барои рушди он аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода барем ва исбот намоем, ки воқеан миллати тамаддунсозу фарҳангӣ, ободгару шаҳрсоз ва шаҳрнишину шаҳрдор ҳастем.
Эмомалӣ Раҳмон
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Имсол санаи мазкур ба 19 апрел рост меояд.
Бо ин мақсад имрӯз (16.04.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор гардид.


Пас аз садо додани Суруди миллӣ нахуст доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин ҳамоиши илмӣ-фарҳангиро оғоз бахшида, иброз намуд, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва оинаи миллати соҳибтамаддуни тоҷикон бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомоту ташаббусҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои пойтахт-шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.
Зимнан дар ҳамоиш намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб ва дотсенти кафедраи таърихи наву навини кишварҳои хориҷии факултети таърих Умаров А.Қ. иштирок ва суханронӣ намуданд.


Зикр карда шуд, ки имрӯз шаҳри Душанбе на танҳо пойтахти мамлакат, балки хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё буда, дар он намояндагони халқу миллатҳои гуногун дар оғӯши бародарию ҳамдигарфаҳмии осоишта зиндагӣ менамоянд ва натиҷаи заҳматҳои содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат, шаҳри Душанбе дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигар ҳамчун пойтахти ҷавону рушдёбанда эътироф гардидааст.
Дар идомаи ҳамоиши бошукуҳ барномаи фарҳангии Ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ ва сарояндагони маъруфи кишвар бо барномаи рангини фарҳангии иборат аз дастагули суруду мусиқӣ хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.