Имрӯз, 20 июни соли 2025, барои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи воқеан таърихиву фаромӯшнопазир аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, Маркази ташхису табобат ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар Шаҳраки донишҷӯён мавриди истифода қарор доданд.
Ифтитоҳи ин маркази наву замонавӣ самари воқеии сиёсати маорифпарварона ва иҷтимоии Пешвои миллат дар самти дастгирии соҳаҳои калидии кишвар – тандурустӣ ва маориф мебошад. Дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлат ва бо мақсади истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир бунёди инфрасохторҳои нави илмӣ, таълимӣ ва тиббӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар вусъати тоза касб намудааст. Бунёди маркази мазкур низ дар ҳамин замина соли 2023 оғоз гардида, имрӯз бо ҳузури Пешвои миллат расман ифтитоҳ ёфт.
Маротибаи 17-ум ташриф овардани Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон далели равшани эътибори хоссаи Роҳбари давлат ба ин муассисаи бонуфузи илмиву таълимӣ мебошад. Ташрифҳои пайваста ва дастгириҳои ҳамешагӣ имкон доданд, ки Донишгоҳи миллӣ дар самтҳои мухталиф – аз рушди инфрасохторӣ то тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир – ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Ифтитоҳи Маркази ташхису табобат ва таълимӣ низ як марҳалаи нави рушд ва имкониятҳои илмиву амалӣ барои Донишгоҳ ба шумор меравад.
Маркази мазкур дар масоҳати умумии 0,83 гектар бунёд шуда, 3 ҳазору 680 метри мураббаъ масоҳати умумии бинои онро ташкил медиҳад. Бинои панҷошёна ва дорои таҳхона бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти ташхисиву табобатӣ муҷаҳҳаз гардида, ба ҳамаи талаботи ҷаҳонии соҳаи тандурустӣ ҷавобгӯ мебошад.
Зимни боздиди худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва “ворисони арзандаи Абӯалӣ ибни Сино” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Ин нишондиҳандаи он аст, ки роҳбарияти олии кишвар барои неруи зеҳнии наврасу ҷавон, хусусан дар соҳаҳои тиб, илм ва инноватсия, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.
Бо истифода аз имкониятҳои ин марказ, факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биология метавонанд машғулиятҳои амалӣ ва омӯзиширо дар шароити воқеии касбӣ гузаронанд. Ин иқдом сатҳи омодагии касбии мутахассисони оянда, хусусан дар самтҳои тандурустиро ба маротиб баланд мебардорад.
Донишгоҳи миллӣ бо чунин рушд ва навоварӣ тадриҷан ба сатҳи донишгоҳҳои байналмилалии минтақа баробар шуда, нақши калидии худро дар рушди илм ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос тақвият мебахшад.
Т.Иҳромов, мудири Маркази иттилоотӣ-таҳлилии ДМТ

