ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ДАР ДОИРАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СҲШ

19

Дар доираи кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ ва ҳамкориҳои инноватсионӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид.

Дар кори Форум намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон –  Мирализода Эмомалӣ, Шарифзода Нурулло ва Буризода Акмал фаъолона иштирок намуданд. Ҳадафи иштироки ҳайати ДМТ дар ин чорабинии байналмилалӣ густариши ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва технологӣ бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва сохторҳои дахлдори кишварҳои узви СҲШ мебошад.

Дар ҷараёни Форум намояндагони ДМТ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои аъзо, инчунин, марказҳои тадқиқотӣ ва ширкатҳои инноватсионӣ мулоқоту гуфтушунид анҷом дода, роҳҳои рушди ҳамкориҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки СҲШ имрӯз на танҳо ҳамчун абзори ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ, балки ҳамчун муҳаррики асосии рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамкориҳои инноватсионӣ миёни кишварҳои узв хизмат мекунад.

Дар Форум аз ҷониби намояндагони ДМТ, инчунин мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди рақамикунонии бахшҳои иқтисод, илм ва маориф муаррифӣ гардид. Қайд карда шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо” эълон гардидаанд. Саҳми ДМТ дар ин раванд назаррас мебошад, аз ҷумла тавассути омода намудани мутахассисони баландихтисос дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ, амалисозии лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ташкили форуму конфронсҳои байналмилалӣ.

Намояндагони Донишгоҳ дар ҷараёни мулоқотҳо таъкид намуданд, ки тақвияти ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ дар сатҳи кишварҳои СҲШ, аз ҷумла барномаҳои мубодилаи донишҷӯён, таҳқиқоти муштарак ва ташкили мулоқотҳои соҳавӣ яке аз афзалиятҳои асосии ДМТ дар самти ҳамкории байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷом иштирокчиён умедвории худро изҳор доштанд, ки натиҷаҳои Форум ва пешниҳодҳои ироагардида дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои рақамӣ ва татбиқи сиёсати рақамисозии кишварҳо нақши муассир хоҳанд бозид.