
Имрӯз (05.09.2025) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – кафили соҳибистиқлолӣ ва зиндагии шоиста» баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Дилрабо Мансурӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимни суханронӣ ректори Донишгоҳ 34-солагии Истиқлолро муҳимтарин дастоварди давлату миллати тоҷик арзёбӣ намуд.
Муҳтарам Дилрабо Мансурӣ дар баромади худ аҳаммияти таърихӣ ва сарнавиштсозии Истиқлоли давлатӣ, нақши Роҳбари давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бунёди давлати миллӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум таъкид намуданд.
Сипас, ба як зумра устодону кормандони Донишгоҳ барои фаъолияти самаранок дар соҳаи маориф ва саҳми арзандаашон дар рушди илму таълим бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, медали «Хизмати шоиста» ба Акрамӣ Санавбарг, Давлатмандзода Эраҷ, Одиназода Сафаргул, Ҳошимзода Бахтиёр, Тоҳирзода Раҷабмоҳ, Хайруллозода Шамсулло, Ҳайдарова Сурайё, Шерматов Раҷаб, Юсуфӣ Шодипур ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раҷабализода Акмал тақдим гардиданд, ки ин иқдом нишони қадршиносӣ аз заҳматҳои омӯзгорону кормандон мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии факултети таърихи Донишгоҳи миллӣ Умаров Абдуллохоҷа ва доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи ДМТ Ҷӯраева Мушаррафа бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.