ЧОРАҲОИ МУҚОВИМАТ БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

16

Яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ин пешгирӣ кардани онҳо мебошад. Пешгирӣ кардан ин нафақат вазифаи давлат аст, балки ҳар як шаҳрванд бояд дар он фаъолона ширкат варзад. Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад.

Дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавӣ имрӯз (12.09.2025) дар факултети тибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд бо донишҷӯёни соли аввали Донишгоҳ доир гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ сарпарасти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини ректор оид ба тарбия, мудири шуъбаи тарбия, мудири бахши кор бо духтарону занон, декани факултет ва муовинони декан ширкат варзида, бо андешаҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ оид ба роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва вабои аср буда, мубориза бо он қарзи ҳар як инсон ва шаҳрванд мебошад.