
Имрӯз (16.09.2025) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои таълимӣ ва маърифатӣ курси омӯзишии “Зан – сарвар” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки ходими давлатӣ ва собиқадори меҳнат Сабоҳат Раҳимзода таҳти унвони “Саҳми ходимони давлатӣ дар рушди соҳаи маориф” доир шуд.
Сабоҳат Раҳимзода зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақш ва мақоми занон дар ҷомеа беш аз ҳар вақти дигар баланд гардида, барои фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар шароити мусоиду фаррох фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки саҳми занон дар пешрафти соҳаи маориф назаррас буда, сиёсати созанда ва ғамхоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки онҳо дар рушду такомули илму дониш, баланд бардоштани савияи маърифат ва тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоранд.
Чорабинӣ бо мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва пешниҳодҳои судманди иштирокчиён ҷамъбаст гардид.