КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ЗАБОНИ ХИТОӢ

17

Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ курси такмили ихтисосро аз рӯйи равияи забони хитоӣ гузаронид.

Санаи 25.09.2025 маросими тақдими дипломҳо баргузор гардид. Дар курси такмили ихтисос омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Барои тадриси олимони соҳибмактаб ва соҳибунвон, аз қабили профессор Юнусова Н., дотсентон Назирӣ Л., Ванг Шаша,Чэ Хуэй, Гао Чюан, Ли Ҷиенҷун ҷалб шуданд.

Курси мазкур 28 нафар шунавандагонро фаро гирифт.