
Бо дастгирии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, соҳиби дастоварди назаррас мегарданд.
Аз 20 то 27 сентябри соли 2025 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Олимпиадаи байналмилалии астрономия OWAO-2025 баргузор шуд.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ, ташвиқи қобилиятҳои илмӣ ва зеҳнӣ, ҳамчунин рушди малакаҳои тадқиқотии хонандагон буд.
Боиси ифтихор аст, ки намояндагони кишвари мо дастовардҳои назаррас ба даст оварданд:
• Ҳусейни Ғуломзода, донишҷӯи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, соҳиби медали биринҷӣ гардид.
• Сафарзода Эркин, донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, бо сертификати Honourable Mention Award сарфароз шуд.
Муборак бошад!