
Бо мақсади татбиқи босамари “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021–2025”, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро аз рӯйи “Асосҳои идоракунии системаҳои иттилоотӣ” баргузор намуд.
Дар курси мазкур кормандони фаъоли маркази тестӣ, маркази технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти фосилавӣ иштирок намуданд.
Курси мазкур ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии шунавандагон, гузаронида шуда дар он устодони варзида ва соҳибунвони соҳа ҷалб карда шуданд.
Дар курс 31 нафар шунаванда фаро гирифта, дар он ҳамаи иштирокчиён бо дипломи намунавии хатми курс сарфароз гардонида шуданд.
Маросими тақдими дипломҳо санаи 3 октябри соли 2025 баргузор гардид. Роҳбарият ва масъулони Донишкада ба иштирокчиёни курс изҳори сипос намуда, дар идомаи фаъолияти босамари онҳоро дар самти рушди соҳаҳои иттилоотӣ ва таълими фосилавӣ пешравиҳо таманно намуд.
Бояд гуфт, ки ташкили чунин курсҳо як қадами муҳим дар самти баланд бардоштани иқтидори касбӣ ва рушди захираҳои инсонӣ дар муассисаи таълимии олӣ ба ҳисоб меравад.