МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ НАВИШТИ ХАБАРУ ГУЗОРИШҲО ДАР МАТБУОТИ ДАВРӢ

20

Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон” бо иштироки омӯзгори факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Муқимов Муҳамади Аминович (Ҷовид Муқим) машғулиятро дар мавзуи “Таҳия ва пешниҳоди хабару гузоришҳо дар матбуоти даврӣ” барои хабарнигорони маҷаллаҳо, рӯзномаву моҳномаҳои ҳизбӣ, соҳавӣ, нашрияҳои вазорату идораҳо ва донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар роҳандозӣ намуд.

Машғулият давоми 5 рӯз дар толори китобхонаи Муассиса тариқи назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, аз мавзуҳои роҳҳои ҷамъоварии иттилоот, сарчашмаҳои иттилоот то интишори маводу гузоришҳо дар матбуотро гузашта, таҳлилу баррасӣ намуданд.

Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон корманди ношрияи донишгоҳӣ – “Ба қуллаҳои дониш” Шарифзода Ҷ. дар машғулиятҳо иштирок намуда, соҳиби СЕРТИФИКАТ-и Академияи ВАО гардид.