ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ДМТ (ДОНИШҶӮДУХТАРОН) ҒОЛИБИ ҶОМИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИДАНД

18

Тавре иттилоъ дода будем бо мақсади рушди варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа, таҳкими робитаҳои дӯстию рафоқат миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт, бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 10 то 14 ноябри соли 2025 дар майдончаи варзишии “Артиш”-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд миёни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт барои дарёфти Ҷоми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мусобиқа ҳафт муассисаи таҳсилоти оллӣ аз ҷумла, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи И.Сино, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ҳамдигар рақобат намуданд.

Дар ин мусобиқа дастаи духтаронаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастаҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи И.Сино бо ҳисоби 3 бар 0, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисоби 7 бар 0 ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо ҳисоби 4 бар 0, рақобат намуда, ғолиби ҷойи якум ва ҷоми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Ҳамин тариқ миёни дастаҳо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беҳтарин даста дониста шуда, роҳбарияти Донишгоҳ (муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К.), мураббиён Собиров Сунатулло, Мирзоева Нодира ва Мирзоева Муниса аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Ин пирӯзии назаррас боз як нишонаи рушди варзиши занона ва иштироки фаъолонаи донишҷӯдухтарон дар соҳаи варзиш мебошад.