Дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ вохӯрии намояндагони БДА-и шаҳри Душанбе бо гурӯҳи донишҷӯёни факултетҳои гуногуни ДМТ баргузор гардид.
Дар ин нишасти тарбиявӣ кормандони шуъбаи БДА-и шаҳри Душанбе, майори милитсия Саидзода Шаҳбоз ва Шарифзода Сунатулло иштирок намуда, доир ба риояи қатъии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, саҳван сар задани хатарҳо ва зарурати эҳтироми меъёрҳои амниятӣ дар роҳҳо суханронӣ карданд.
Масъулони БДА дар ҷараёни мулоқот бо далелу мисолҳои равшан аҳаммияти аломатҳои роҳро тавзеҳ доданд. Онҳо аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа қоидаҳои ҳаракат дар роҳро иҷро намоянд, фарҳанги баланди ҳаракат дар роҳро тарғиб намоянд ва дар беҳсозии вазъи бехатарии роҳҳо саҳм гузоранд.










