БАРРАСИИ БАРНОМАИ ПЕШГИРИИ ЗУРОВАРӢ ДАР ОИЛА

11

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ нишасти илмӣ-маърифатӣ доир гардид, ки ба татбиқи “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2030” бахшида шуд. Дар ин чорабинӣ намояндагони сохторҳои дахлдор, омӯзгорон ва донишҷӯдухтарони ДМТ ҳузур доштанд.

Дар оғоз раиси бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ Олимзода Д. аҳаммияти баргузории чунин мулоқотҳоро таъкид намуда, зикр карданд, ки Барномаи давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ барои пешгирӣ, ва коҳиши ҳолатҳои зӯроварӣ дар муҳити оилавӣ хизмат мекунад.

Дар кори нишаст иштирок карданд:

-Холова Заррина, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

-Шарифзода Мавлуда Ҳасан, муовини сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,

-Қаюмзода Дилноза, сармутахассиси ҳамин раёсат,

-Мирзоева Фараҳноз, раиси шуъбаи занони ноҳияи Сино,

-Латофат Назирӣ, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи ДМТ.

Иштирокчиён вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни Барномаи давлатӣ суханронӣ намуда, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, хусусан духтарону занони ҷавонро таъкид карданд. Зикр гардид, ки мубориза бо зӯроварӣ дар оила танҳо бо роҳи ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хонаводаҳо имконпазир аст.