СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БО ИШТИРОКИ ОЛИМИ ХОРИҶӢ

17

Дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040” пайваста чорабиниҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла семинарҳо, конфронсҳо ва вохӯриҳои илмӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ баргузор мегарданд. Ин иқдомҳо дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ амалӣ шуда, ба иҷрои яке аз бандҳои муҳимми ин барномаи давлатӣ равона гардидаанд.

Дар ҳамин замина дар толори Шурои олимони факултети физика семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Технологияҳои муосири газоразрядӣ» баргузор гардид.

Дар семинари мазкур доктори илмҳои физикаю математика, профессор, устоди кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов Двинин Сергей Александрович суханронӣ намуд.

Зимнан масъалаҳои муҳимми марбут ба технологияҳои муосири газоразрядӣ, самтҳои асосии рушди онҳо, мушкилоти мавҷуда дар раванди татбиқ, инчунин дурнамои истифодаи технологияҳои газоразрядӣ дар илм, саноат ва техникаи муосир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Профессор Двинин С.А. бо истинод ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва натиҷаҳои тадқиқоти илмии худ аҳаммияти ин самти илмиро дар рушди физикаи муосир ва технологияҳои баланд таъкид намуд.

Дар рафти семинар мубоҳисаҳои илмии судманд сурат гирифта, иштирокчиён ба меҳмон саволҳои марбут ба ҷанбаҳои назариявӣ ва амалӣ пешниҳод намуданд. Ин мулоқот барои густариши дониши илмии ҷавонон ва таҳкими робитаҳои илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ заминаи мусоид фароҳам овард.