ХУСРАВ ХОЛИҚНАЗАРОВ – БЕҲТАР НИШОНЗАН АЗ ДАСТАИ “СОМОН”-и ДМТ

15

Имрӯз (11.02.2026) дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенси Душанбе» маросими ҷоизасупории Лигаи футзали Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ ғолибони ҷоизаҳои инфиродии Суперлигаи Тоҷикистон – 2025 муаррифӣ шуданд.

Беҳтарин бозигарон, мураббиён ва намояндагони дастаҳо бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ гардиданд. Дастаи «Сомон»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардид, ки он ба муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, дотсент Раҷабзода Ф.К. супорида шуд.

Бозингари даста – Хусрав Холиқназаров беҳтарин нишонзани футзали Тоҷикистон эътироф гардид.

Дастоварди варзишӣ муборак бод!