Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайи

20

14 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат хонум Тсзоу Ҷиайиро ба муносибати интихоб шуданашон ба мақоми баланд табрик намуда, ташрифи нахустини ӯро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба роҳбарияти он арзи сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар самти ташаккули инфрасохтори муосир ва пешбурди рӯзномаи рушди устувор, ҳамчунин,  иқтисоди «сабз» мебошад.

Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун ва идомаи таҷдиди неругоҳи Норак таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шуд.

Омодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ такони нав мебахшад.

https://president.tj/event/news/54741