ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

24

Имрӯз (17.02.2026) бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Артиши миллӣ – сипари давлат ва ифтихори миллат” баргузор гардид.

Нахуст роҳбарияти Донишгоҳ аз машғулиятҳои таълимии кафедраи ҳарбии Донишгоҳ боздид намуданд.

Сипас бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳ, меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбӣ дар толори калони Донишгоҳ ҳамоиши маърифатӣ-фароғатӣ баргузор гардид. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода ЭС. зимни суханронӣ афсарону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба шумор рафта, кафили сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин, таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар мебошад.

Қайд карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони Истиқлол мебошанд, зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳимояи соҳибихтиёрии давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳифзи амнияти давлату ҷомеаро сарбаландона иҷро намуда истодаанд.

Ректори Донишгоҳ дар идомаи сухан ҷавононро ба хештаншиносӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ даъват намуда, таъкид доштанд, ки дӯст доштан ва содиқона ҳифз кардани марзу буми Ватан муқаддастарин арзиши зиндагист.

Сипас муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Саидзода Бобоҷон Абдуқодир суханронӣ намуда, аз нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи кадрҳои ҳарбӣ ва омодасозии ҷавонони ватандӯст ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки ҳифзи истиқлолу озодӣ ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург натиҷаи сиёсати созанда ва хизмати содиқонаву ватандӯстонаи хизматчиёни ҳарбӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Ҳамчунин устоди факултети таърихи Донишгоҳ Шарофиддинов С. маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Артиши миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносии насли ҷавон, инчунин, пойдории давлатдорӣ басо назаррас ва сарнавиштсоз мебошад.

Дар доираи чорабинӣ як қатор устодону кормандони Донишгоҳ аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои саҳми арзандаашон дар тарбияи ҷавонон ва таҳкими ҳамкориҳо бо рутба, нишонҳои ҷашнӣ, сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар охир барномаи фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона фазои идонаро ранги дигар бахшид.