Имрӯз (23.10.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии ректори Донишгоҳ узви вобастаи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, ҷаласаи васеи Раёсати Донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳимми фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иҷрои вазифаҳои марбут ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа, пеш аз ҳама, ба масъалаи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2026, №1224 дар ин хусус ба самъи иштирокчиён расонида шуд. Таъкид гардид, ки ҷашни мазкур ҳамчун рӯйдоди муҳимми таърихӣ тақозо менамояд, ки Донишгоҳ бо истифода аз имкониятҳои илмӣ, зеҳнӣ ва ташкилии худ дар татбиқи чорабиниҳои ҷашнӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди фаъолияти илмию таълимӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ саҳми муносиб гузорад. Дар ин замина ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати таҳия ва татбиқи чорабиниҳои мушаххас вазифагузорӣ карда шуд.
Ҳамзамон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш» 21 октябри соли 2026 №1231 мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт. Зикр гардид, ки ин иқдом ба арҷгузорӣ ба мероси таърихию фарҳангӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди завқи зебоишиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги экологии ҷомеа равона гардидааст. Масъулон вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати тарғибу ташвиқи аҳаммияти таърихию фарҳангии гулҳои миллӣ, ҳифзи табиат ва ташаккули муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист дар байни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳию маърифатиро тақвият бахшанд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои таҳкими мавқеи Донишгоҳ дар раддабандиҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои фаъолияти илмию таълимӣ ва омодагӣ ба гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномавии навбатии 12 ихтисоси Донишгоҳ баррасӣ гардиданд. Дар ин самт ба таъмини мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба меъёрҳои байналмилалии арзёбии сифат, такмили фаъолияти илмӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид карда шуд.
Масъалаи дигари ҷаласа ба истифодаи дурусту бехатари кортҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ, пешгирии қаллобии молиявӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявию ҳуқуқии омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён бахшида шуд. Зарурати риояи қоидаҳои амнияти молиявӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва пешгирии ба шахсони дигар додани воситаҳои пардохти электронӣ махсус таъкид гардид.
Инчунин, натиҷаҳои ҷамъбасти сессияи санҷишию имтиҳонии нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026, вазъи давомоти донишҷӯён, риояи интизоми таълимӣ ва баланд бардоштани масъулияти ҳайати профессорону омӯзгорон мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Дар ин робита ба зарурати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таҳкими назорати сифати таълим ва таъмини иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар баробари ин, масъалаҳои ҷалби фаъоли магистрантон ва докторантон аз рӯйи ихтисос (Ph.D) ба фаъолияти таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, густариши корҳои илмӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқот баррасӣ гардиданд.
Ба масъалаи таҳкими тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва омодагии ҷисмонию маънавии донишҷӯён низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки машғулиятҳои омодагии ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонӣ бояд дар баробари рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ ба ташаккули ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, интизом ва омодагии ҷавонон ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида, тақвияти интизоми иҷро, баланд бардоштани масъулияти шахсии роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва таъмини натиҷабахшии фаъолияти Донишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
