Ахбор

ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИЗОМИ МУОСИРИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

3 дақ. хондан

Санаи 22 октябри соли 2026 дар заминаи кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмӣ, конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалии муосир» баргузор гардид. Дар кори конференсия донишмандон ва муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрантон иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии конференсия баррасии ҷойгоҳ ва нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, таҳлили самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии кишвар, омӯзиши саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақавию байналмилалӣ, инчунин муайян намудани имконияту дурнамои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ гардид.

Конференсия аз ду қисм – бахши ифтитоҳӣ ва бахши маърӯзаҳо – иборат буда, ба унвони он дар маҷмуъ 64 маърӯза аз ҷониби муҳаққиқону донишмандони дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод гардид. Чорабинӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор шуд.

Дар бахши ифтитоҳӣ намояндагони раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳайати роҳбарияти факултети муносибатҳои байналмилалӣ, меҳмонон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб, инчунин донишмандони хориҷӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти мавзуи конференсияро дар шароити муосири рушди муносибатҳои байналмилалӣ таъкид карданд.

Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди он; сиёсати хориҷии кишвар дар шароити ташаккули низоми ҷаҳонии бисёрқутбӣ, принсипҳо, ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки он; нақши дипломатияи бисёрҷонибаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ, амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ аз мавзуъҳои меҳварии конференсия буданд.

Ҳамзамон, масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, ташаббусҳои байналмилалии кишвар ва саҳми он дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, иштироки Тоҷикистон дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори СММ ва нақши дипломатияи обии кишвар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Дар идома оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, таҳдиду чолишҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ҷинояткории фаромиллӣ, инчунин имконияту мушкилоти дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ ва дурнамои ҳамгироии кишвар ба иқтисоди ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд. Дар баробари ин, ба нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ ва башардӯстона, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои маорифу технологияҳои рақамӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Баргузории чунин конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён ва магистрантон, рушди тафаккури таҳлилӣ ва тақвияти таваҷҷуҳи муҳаққиқони ҷавон ба омӯзиши равандҳои муосири муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.