БАРАСИИ ҶАНБАҲОИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

8

Имрӯз (03.03.2026) дар пояи кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи устодону муҳаққиқон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои институтсионалии таҳқиқи иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид.

Чорабиниро мудири кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисод, дотсент Мустафо Ҷоналоев ифтитоҳ бахшида, аҳаммияти таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамиро дар шароити муосир махсус таъкид намуд.

Зикр карда шуд, ки дар давраи ҷаҳонишавии рақамӣ, соҳибихтиёрии рақамӣ ба унсури муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, ки истиқлолиятро дар идоракунии маълумот, технологияҳо ва инфрасохтори иттилоотӣ таъмин мекунад. Рақамисозӣ равандҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро дар саросари ҷаҳон дигаргун месозад, имкониятҳои нав барои рушд фароҳам меорад, аммо дар баробари ин хатарҳои ҷиддиро ба амнияти миллӣ эҷод мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ профессор Илёсҷон Шамсозода дар мавзуи «Ҳолати кунунӣ ва муаммоҳои иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», профессор Абубакр Комилзода доир ба «Омӯзиши масъалаҳои назариявии бекории технологӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ», дотсент Ғолибназар Соҳибов доир ба «Таъсири рақамикунонӣ ба сифати таҳсил ва рақобатпазирии хатмкунандагон дар бозори меҳнат» ва дотсент Сидик Юсупов оид ба «Асосҳои назариявии ташаккулёбии технологияҳои рақамӣ дар заминаи истифодабарӣ» суханрониҳо намуданд.

Таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба равандҳои рақамии ҷаҳонӣ фаъолона ҳамроҳ шуда, дар айни замон инфрасохтори рақамии миллиро таҳким медиҳад. Эълони солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти стратегии рақамисозиро барои рушди устувор таъкид мекунад.

Дар анҷом миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои рушди иқтидори миллӣ ва таҳкими робитаи назария ва амал мусоидат менамояд.