ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ СИНЗЯНИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ДАР ДМТ

16

Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равобити илмию таълимӣ ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Чин хуб ба роҳ монда шудааст. Баргузории ҳамоишу нишастҳои илмӣ аз ҷумлаи онҳост, ки дар сатҳи гуногун роҳандозӣ мешаванд. Дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз (11.04.2026) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода бо раиси Шурои Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷаноби Ҷян Ҳайҷун ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар самти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи донишгоҳҳо, аз ҷумла самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳо дар робита ба табодули устодону донишҷӯён мубодилаи афкор намуданд. Ҷонибҳо мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи ДМТ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баён намуда, ҳамзамон, ҷиҳати омӯзиши забони хитоӣ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, дар робита ба беҳтар намудани барномаҳои муштарак табодули афкор намуданд.

Зимнан миёни Донишкадаи такмили ихтисоси ва бозомӯзии касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин (Донишгоҳи глобалии рушди омӯзгорон, Шурои Осиёи Марказӣ) созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Гуфта мешавад, ки созишнома дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии кишварҳо омода гардида, ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ заминаи мусоид мегузорад.

Дар зимн барои густариш додани муносибатҳои дуҷониба ҳамчун рамзи дӯстӣ тарафҳо туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Баъд аз вохӯрӣ меҳмонон бо роҳбарияти Донишгоҳ аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии Донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд.

Ҳамзамон, меҳмонон вориди бинои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳ гардиданд. Шиносоӣ ва боздиди меҳмонон аз Осорхонаи донишкада (таърихи фаъолияти донишкада), синфхонаи фарҳангӣ (муаррифии фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон), Китобхона (китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ), Синфхонаи лингофонӣ ва маҷлисгоҳи донишкадаи мазкур сурат гирифт.