СИЁСАТИ ВАРЗИШПАРВАРОНА: АЗ ТАШАББУС ТО НАТИҶА

10

Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва неруи солими онҳо барои давлату миллат муҳим аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (21.04.2026) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол – 25 май ва истиқболи 35-умин солгарди Истиқололи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни устодону кормандони Донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд оғоз ёфт.

Дар кушодашавии мусобиқаи мазкур ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода ва директори лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов, инчунин, роҳбарони сохторҳои марбутаи Донишгоҳ иштирок намуданд.

Чорабинӣ дар Маҷмааи муосири варзишии Донишгоҳ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Қаблан меҳмонон аз намунаи дастовардҳои варзишии Донишгоҳ боздид намуда, бо дастаи “Сомон”-и Донишгоҳ суҳбати хосса оростанд.

Зимни ифтитоҳ мусобиқа ректори Донишгоҳ ҳозиринро ба ҷашнҳои муҳимми давлатӣ, аз қабили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи ҷаҳонии футбол, ҳамзамон Рӯзи пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе самимона табрик намуда, таъкид кард, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ин, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ва ҷонибдорӣ аз иқдомоти байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ мебошад.

Изҳор дошт, ки Донишгоҳ ҳамеша ҷонибдори ташаббусҳои созандаи давлат дар ҳама самтҳо, хусусан соҳаи варзиш буда, дар ҳошияи иқдомоти байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустам Эмомалӣ пайваста чорабиниҳои муҳимми варзишию маънавиро роҳандозӣ менамояд. Махсусан, таъкид гардид, ки рушди соҳаи варзишӣ, ташкил ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи гуногун, инчунин муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ самтҳои муҳимми фаъолияти сохторҳои дахлдори Донишгоҳ: шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзишгарони Донишгоҳ ба ҳисоб мераванд.

Гуфта шуд, ки мусобиқаи мазкур баҳри таҳким бахшидани дӯстию рафоқат миёни кормандони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ мусоидат хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, дастаҳо аз ҳисоби устодону кормандони факултетҳо ва сохторҳои зертобеи Донишгоҳ ташкил шуда, ғолибон аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ ҳавасманд гардонида мешаванд.