Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар заминаи татбиқи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб – омили рушди босуботи давлат» баргузор гардид.
Дар кори конференсия намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва қироати порчаҳо аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ оғоз ёфт.
Гирдкардонандаи конференсия, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. баргузории ин чорабиниро дар самти баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии устодон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ, инчунин сайқал додани маърифати ватандӯстӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идомаи конференсия мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ Қувватзода Сайдулло Зувайд суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки ташкили чунин ҳамоишҳо барои татбиқи самараноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон доранд.
Ҳамин тавр, вобаста ба мавзуи конференсия намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиа, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Зикр гардид, ки муборизаи дастаҷамъона алайҳи коррупсия, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуб танҳо дар заминаи ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад самараи дилхоҳ диҳад. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ миёни ҷавонон омили муҳимми таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад.












