Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои муосир ва татбиқи алгебра, назарияи ададҳо ва таҳлили математикӣ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур олимону муҳаққиқони варзидаи ҷумҳурӣ иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рушди илмҳои риёзӣ, аз ҷумла алгебра, назарияи ададҳо ва таҳлили математикӣ, инчунин татбиқи амалии онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва технологияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки рушди илмҳои дақиқ, хусусан математика, яке аз омилҳои калидии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва иқтисодиёти рақамӣ аҳамияти боз ҳам бештар касб менамояд. Ҳамзамон, аҳамияти татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амалия ва омода намудани мутахассисони баландихтисос таъкид карда шуд.
Дар ҳамоиш қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳи устувори пешрафтро тай намуда, ба марҳилаи нави рушду созандагӣ қадам ниҳодааст. Дар доираи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, соҳаи илму маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, такмили инфрасохтори таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сифати таҳсилот шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Махсусан, дар амалӣ гардонидани ҳадафи навбатии стратегӣ нақши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ муҳиму амиқ арзёбӣ гардид.
Таваҷҷуҳи пайваста ба илму маориф, дастгирии олимону муҳаққиқон, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ аз дастовардҳои муҳими даврони истиқлоли давлатӣ ба шумор рафта, заминаи устуворро барои рушди минбаъдаи ҷомеа ва иқтисоди миллӣ фароҳам месозанд. Ҳамзамон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», далели равшани аҳамияти хоса додан ба ин самти ҳаётан муҳим мебошад.










