ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН: ҲАМОИШИ ИЛМИЮ ФАРҲАНГӢ ДАР ДМТ

15

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23 май ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои адабию маърифатӣ, фарҳангиву сиёсӣ, илмию инноватсионӣ ва мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон роҳандозӣ гардидааст. Имрӯз (07.05.2026) дар робита ба ин ҳамоиши маърифатӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Як рӯзи ҷавонӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои дахлдорӣ ҷумҳурӣ доир гардид.

Қабл аз ҳамоиш меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуда, бо ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ”, даври ноҳиявӣ (Шоҳмансур) вохӯрӣ намуданд. Сипас аз ҷараёни машқу тамринҳои варзишгарони Донишгоҳ ва намоиши дастовардҳои варзишию ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик намуд. Зикр кард, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ҳам масъалаи ҷавонон ва боло бурдани илму маънавиёти онҳо мақоми хоссаро касб менамояд.

Баробари соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати кишвар эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократиро ҳадафи асосии худ қарор додааст. Ҷомеаи мо пайгирона бо ҳамин роҳ пеш меравад, вале ҳаёт ҳамарӯза собит месозад, ки бе ширкати пурсамару фаъолонаи ҷавонон расидан ба ин ҳадафи бузург ниҳоят мушкил аст. Аз ин рӯ, бо мақсади ҳамқадами замон тарбия кардани наслҳои ҷавон ва аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархурдор гардидани онҳо Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани сифати таҳсилот афзалият дода, дар доираи он маблағгузории давлатии соҳаро сол ба сол зиёд менамояд то наврасону ҷавонон ҳарчи бештар ба донишандӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар, фарогирии дастовардҳои илму техникаи муосир ва дар баробари аъло донистани забони модарӣ ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ раҳнамун гарданд.

Раҳимзода Шабнам – муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ, иброз дошт, ки рушду пешрафти мамлакат бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад. Мо аз ҷавонон умеди калон дорем, зеро дар оянда масъулияти давлатдорӣ ва рушди кишвар бар уҳдаи онҳо меафтад. Аз ин рӯ, мо бояд ҷавононро дар руҳияи баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тарбия намуда, онҳоро ба илму касбомӯзӣ ҳарчи бештар ҷалб кунем ва дар миёни наврасону ҷавонон тарзи зиндагии солимро тарғиб созем.

Фаромӯш набояд кард, ки мо таҳкими истиқлолият ва давлатдории миллии худро танҳо бо худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дониши комил ва одобу ахлоқи ҳамида таъмин карда метавонем ва дар ин кор ҷавонони кишвар бояд намунаи ибрати дигарон бошед.

Дар зимни чорабинӣ чанде аз устодону кормандони Донишгоҳ ба сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд. Дар анҷом баҳри фароғати ҳозирин барномаи рангини фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ пешкаш гардонида шуд.