БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАҲОНБИНИИ ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ҲАМОИШ

13

Нимаи дуюми имрӯз (13.05.2026) дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар заминаи факултети ҳуқуқшиносӣ, бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Давлатбахт Маҷидзода идомаи ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ҷиҳати баланд бардоштани шуури ахлоқию ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии дунявӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ» баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш устодону муҳаққиқон, намояндагони мақомоти давлатӣ, аспирантону донишҷӯён иштирок намуда, доир ба нақши тарбияи ватандӯстӣ дар таҳкими давлатдорӣ, рушди маърифати ҳуқуқӣ, пешгирии ифротгароӣ ва ташаккули худшиносии миллӣ маърӯзаҳо намуданд.

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати ҷомеаи муосир масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии онҳо аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Маърӯзачиён иброз доштанд, ки татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» барои таҳкими арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва тарбияи насли худогоҳу ватандӯст заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши мазкур ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» доир шуда, ба масъалаҳои муҳимми тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҷаҳонбинии дунявии ҷавонон бахшида шуд.

Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён зарурати таҳкими корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва тақвияти зиракии сиёсиро миёни ҷавонон муҳим арзёбӣ намуданд.