Имрӯз (14.05.2026) дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии омӯзиши забони англисӣ роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сафири Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кейтрин Смиттон вохӯрӣ анҷом доданд.
Нахуст меҳмонон аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, дидан намуданд. Дар осорхона экспонатҳои давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм ва саҳми арзишманди Пешвои миллат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Донишгоҳ гирд ва нигоҳдорӣ шудаанд, ки меҳмонон ба онҳо шинос шуданд.
Сипас, дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзи байналмилалии омӯзиши забони англисӣ чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректори Донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И. оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҳамасола дар кишварҳои гуногун ҳафтаи забони англисӣ таҷлил мегардад. Ҳадафи асосии чунин ҳамоишҳо муаррифии маҳорату малакаи забондонии донишҷӯён дар назди соҳибзабонон, инчунин таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву маърифатӣ мебошад. Таъкид гардид, ки чорабиниҳои “Ҳафтаи забонҳо” имрӯз ба воситаи муҳимми рушди робитаҳои байналмилалӣ ва таҳкими муколамаи фарҳангҳо табдил ёфтаанд.
Зимни суханронӣ ҳамчунин ба рушди муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир ишора гардида, зикр шуд, ки аз соли 1992 инҷониб миёни ду кишвар ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, табодули таҷриба, иштирок дар конференсияву симпозиумҳо ва омӯзиши забони англисӣ роҳандозӣ шудаанд. Қайд гардид, ки робитаҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар заминаи санадҳои ҳамкорӣ сол ба сол густариш ёфта, самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва маорифро фаро мегиранд.
Дар навбати худ хонум Кейтрин Смиттон ба сатҳи баланди омодагии донишҷӯён ва пазироии гарму самимии роҳбарияти Донишгоҳ баҳои баланд дода, аз густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар изҳори хушбинӣ намуд.
Декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш. зимни суханронӣ таъкид кард, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир баргузор гардида, ба рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Номбурда аҳаммияти ин ташаббусро дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар доираи «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин профессори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ Маҳмадназаров А. дар мавзуи «Саҳми олимони Британияи Кабир дар таҳқиқ ва тарҷумаи “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ» маърӯза намуда, аз нақши муҳаққиқони бритониёӣ дар муаррифии мероси адабии тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки забони англисӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ имрӯз дар соҳаҳои илм, маориф, иқтисод ва муносибатҳои байналмилалӣ мавқеи муҳим дорад. Аз ин рӯ, баргузории чунин чорабиниҳои илмию фарҳангӣ барои устодону донишҷӯён имкони мусоид ҷиҳати густариши ҷаҳонбинӣ ва тақвияти малакаҳои забонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳозирин намуданд. Иштирокчиён инчунин шеърҳо аз осори бузургони адабиёти Британияро бо маҳорати баланд қироат карданд.














