Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо курси такмили ихтисос аз рӯи равияи забони англисӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ташкили курси мазкур баланд бардоштани сатҳи дониши забонӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти омӯзгорон ба талаботи муосири низоми таҳсилоти байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни машғулиятҳо иштирокчиён дониш ва маҳорати худро дар самтҳои гуфтугӯйи озод, грамматика, усулҳои муосири таълими забон ва истифодаи технологияҳои навин дар раванди таълим такмил доданд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ, дар шароити ҷаҳонишавӣ барои омӯзгорон аҳаммияти муҳим дошта, ба баланд гардидани сифати таълим ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки курси пурраи такмили ихтисос дар ҳаҷми 210 соати таълимӣ аз 9 апрел то 14 майи соли 2026 баргузор гардида, омӯзгорон онро бомуваффақият хатм намуданд.
Имрӯз (19.05. 2026) ба як гуруҳ устодони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, ки барномаи бозомӯзиро бо натиҷаҳои хуб анҷом доданд, дипломи хатми курс супорида шуданд. Иштирокчиён чунин иқдомҳоро барои рушди фаъолияти илмӣ, такмили сатҳи касбӣ ва густариши имкониятҳои таълимӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Бояд таъкид кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати таълимӣ ва фарҳангии давлат табдил ёфтааст. Бо рушди равобити байналмилалӣ ва воридшавии технологияҳои муосир, омӯзиши забони англисӣ ҳамчун забони муоширати байналмилалӣ аҳаммияти бештар касб намуда, барои баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин замина, устодони соҳибтаҷриба ва мутахассисони варзида дар курсҳои бозомӯзӣ саҳми назаррас гузошта, барои такмили малака ва рушди касбии омӯзгорони ҷавон мусоидат менамоянд.








