ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

14

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иштироки фаъол дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, рӯзҳои 11–13 майи соли 2026 дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи Туркманистон: ҳамкорӣ ба хотири сулҳ, амният ва рушди устувор» ва III Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Муносибатҳои дипломатӣ: фарҳанги муколамаи осоишта» баргузор гардид.

Дар кори конференсияи мазкур намояндагони Донишгоҳ – Абубакр Комилов, декани факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ва Маҳадмумин Тағоев, омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар III Озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Муносибатҳои дипломатӣ: фарҳанги муколамаи осоишта» панҷ нафар донишҷӯёни факултети муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ – Халилов Ориён, Саъдуллозода Дилрабо, Ҳукумов Муҳаммадҷон, Бобизода Малоҳат ва Бекмуродов Шараф фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Аз ҷумла:

– ҷойи якум — Бекмуродов Шараф, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия);

– ҷойи дуюм — Саъдуллозода Дилрабо, донишҷӯи курси сеюм;

– ҷойи сеюм — Бобизода Малоҳат, донишҷӯи курси сеюм.

Роҳбарияти Донишгоҳ иштирокчиён ва ғолибони озмуни байналмилалиро барои натиҷаҳои назаррас ва муаррифии шоистаи Донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ табрик намуда, ба онҳо дар роҳи таҳсил, муваффақиятҳо таманно намуд.

Қобили таъкид аст, ки дар озмуни байналмилалӣ намояндагони 21 кишвари ҷаҳон бо иштироки беш аз 160 нафар донишҷӯ фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳузур ва дастовардҳои донишҷӯёни Донишгоҳ дар чунин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди робитаҳои илмӣ ва болоравии нуфузи Донишгоҳ мусоидат менамояд.