ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

10

(САФАРИ КОРИИ ДЕКАНИ ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ ДМТ БО МТО БЕЛОРУС БА ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС)

Дар доираи барномаи “Профессори даъватшуда” декани факультети муштараки ДМТ бо МТО Беларус дотсент Одиназода Сафаргул Атабек дар Институти давлатии байналмилалии экологӣ ба номи Сахаров аз санаи 18 май то 23 май даъват гардида аз фанни моделсозии математикӣ ва компютерии системаҳои экологӣ дарсҳои лексиконӣ ва машғулиятҳои лабораторӣ гузаронида шуд.

Ҳамзамон дар доираи ин барнома вохӯрии судманд бо донишҷӯёне, ки идомаи таҳсил ва фаъолияти худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус давом дода истодаанд вохӯрии судманд анҷом дода шуд.

Инчунин мулоқот бо Директори институт Родькир Олег Иванович, муовини директор оид ба таълим Журавков Владислав Владимирович ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Елена Валерьевна Алексейчик доир гардида бо мақсади бозҳам тақвият додани робитаҳои дуҷонибаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус мавриди матраҳ қарор дода шуд.