ОМӮЗИШ, ТАҲҚИҚ ВА МУАРРИФИИ МЕРОСИ ИЛМИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР МЕҲВАРИ ҶАЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОН

10

Дар ҷаласаи васеи навбатии раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки имрӯз (01.06.2026) баргузор гардид, ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оид ба фаъолияти самтҳои гуногуни сохторҳои Донишгоҳ суханронӣ намуда, зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома нахуст ба муҳтавои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» аз 23-юми майи соли 2026, №1180 таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ин фармон барои баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти илмию таълимӣ, корҳои тарбиявӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдод, тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзишу тарғиби мероси илмиву фарҳангии Абӯалӣ ибни Сино пешниҳод гардид, ки дар Донишгоҳ Стипендияи «Абӯалӣ ибни Сино» барои доираи васеи донишҷӯён новобаста аз ихтисос таъсис дода шавад ва барандаи стипендияи мазкур дар баробари донишҷӯёни ватанӣ ҳамчунин донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳ низ баромад намоянд.

Зикр шуд, ки ин иқдом дар руҳияи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои илмии Абӯалӣ ибни Сино ва дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ хоҳад гардид.

Дар ин замина ректори Донишгоҳ ба масъулини сохторҳои дахлдор ҷиҳати таҳияи тартиби таъсис ва татбиқи стипендияи мазкур, инчунин пешниҳоди механизми шаффофи интихоби довталабон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи баланд бардоштани масъулиятнокии омӯзгорон ҷиҳати шарҳу тавзеҳ ва тарғиби муҳтавои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино», мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки омӯзгорон бояд дар баробари тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст, пайваста сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии худро такмил дода, аз технологияҳои муосири таълим самаранок истифода намоянд ва дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф саҳми фаъол гузоранд.

Дар фарҷоми ҷаласа масъалаҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ баррасӣ шуда, барои иҷрои босамари барномаҳо ва стратегияҳои давлатӣ ба сохторҳои дахлдори Донишгоҳ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.