Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи кишвар ба таври назаррас рушд ёфта, сатҳу сифати таҳсилот, корҳои илмиву тадқиқотӣ ва эътирофи байналмилалии донишгоҳҳо сол ба сол боло рафта истодаанд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари мақоми баланди худ дар дохили кишвар, инчунин, талош варзида истодааст, ки мақоми байналмилалии худро низ қавӣ гардонад. Бо сиёсати пешгирифтаи ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ муассиса пайваста аз аккредитатсияҳои байналмилалӣ гузашта, мақоми худро дар раддабандиҳои байналмилалӣ низ пурқувват карда истодааст.
Маҳз самараи ин талошҳову сиёсатҳост, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раддабандии ҷадиди ширкати Таҳсилоти Олии Таймз (Times Higher Education (THE))– Таъсири Рушди Устувор – 2026 ворид гардида, миёни 1646 донишгоҳи бонуфузи дунё аз 116 кишвар мақоми намоёнро соҳиб гашт. Бояд тазаккур дод, ки дар радданбандии номбаршуда, донишгоҳҳо аз рӯйи 17 ҳадафи рушди устувори Созмони Миллали Муттаҳид баҳогузорӣ карда мешаванд. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 33,1-53,6 хол аз рӯйи ҳамаи нишондодҳо, аввалин донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд, ки ба ин раддабандӣ ворид гардид. Яъне, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи 17 ҳадафи рушди устувори СММ мақом ва холҳои назаррасро соҳиб гашт, ки чунин мебошанд:
– Коҳиши камбизоатӣ – ҷойи 601-800 (28,7-40,7 хол);
-Барҳам додани сатҳи гуруснагӣ – ҷойи 401-600 (29,7-46,9 хол);
-Беҳдошти саломатӣ – ҷойи 801-1000 (33,5-43,7 хол);
-Таҳсилоти босифат – ҷойи 1001+ (4.1-36,4 хол);
-Баробарии гендерӣ – ҷойи 1001+ (3,1-25,7 хол);
-Таъмини дастрасӣ ба оби тоза – ҷойи 401-600 (38,1-51,6 хол);
-Дастрасӣ бо энергияи тоза – ҷойи 301-400 (50,6-55,3 хол);
-Меҳнати арзанда ва рушди иқтисодӣ – ҷойи 801-1000 (7,6-37,5 хол);
-Мусоидат дар рушди саноат, навоварӣ ва зерсохтори устувор – ҷойи 601-800 (13,2-29,1 хол);
-Коҳиш додани нобаробарӣ – ҷойи 601-800 (28,3-41,4 хол);
-Макон ва мавзеъҳои устувор – ҷойи 601-800 (19,8-36,9 хол);
-Масъулият дар истеҳсол ва истеъмол – ҷойи 401-600 (40,2-58 хол);
-Мубориза бо тағйирёбии иқлим – ҷойи 401-600 (33,5-45.1 хол);
-Ҳаёт дар зери об – ҷойи 401+ (2,1-37,4 хол);
-Ҳаёт дар хушкӣ – ҷойи 301-400 (47,5-57 хол);
-Сулҳ, адолат ва ниҳодҳои самаранок – ҷойи 401-600 (44-54,1 хол);
-Шарикӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳо – ҷойи 1001-1500 (27,1-47,4 хол).
Ин дастоварди муҳим бозгӯйи мақоми рӯзафзуни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ буда, натиҷаи сиёсати дурбинонаи роҳбарият, заҳмати ҳайати профессорону омӯзгорон ва фаъолияти пурсамари шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ маҳсуб меёбад. Боварии комил аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон минбаъд низ бо густариши фаъолияти илмиву таълимӣ ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор мавқеи худро дар раддабандиҳои бонуфузи ҷаҳонӣ боз ҳам таҳкиму тақвият хоҳад бахшид.
Лозим ба таъкид аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон то кунун ба шаш раддабандии бонуфузи ҷаҳонӣ шомил шудааст.








