АЛАСАИ ШУРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ

12

Имрӯз (03.07.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа омодагиҳо баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ ва пешбурти фаъолияти самтҳои гуногуни Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гаштани ҳадафҳои созандаи мамлакат, пешбурди фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026, инчунин тадбирҳои баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоиии устодону донишҷӯён аз мавзуъҳои муҳими ҷаласа буданд.

Зимни баррасии масъалаҳои рӯзнома таъкид гардид, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии соҳаи илму маориф, таҳкими фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва густариши иқтидори илмии Донишгоҳ аз вазифаҳои асосии ҳайати устодону кормандон ба ҳисоб меравад.

Дар анҷом аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи босифати сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, рушди фаъолияти илмӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.