БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026

15

Имрӯз, (10.07.2026), дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа роҳбарияти Донишгоҳ, сармутахассиси Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Шарифзода, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони сохторҳои марбута ва дигар масъулон иштирок намуда, натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввал ва вазифаҳои минбаъдаи рушди Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷаласаро муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳ оид ба таълим Фаридун Раҷабзода ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти сохторҳои Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон ҳисоботи муфассал пешниҳод намуд. Зимни маърӯза таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳайати омӯзгорон, кормандон ва муҳассилини Донишгоҳ дар самтҳои таълим, илм, тарбия, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Қайд карда шуд, ки фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи пешоҳанги таҳсилоти олии касбии кишвар дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Оинномаи Донишгоҳ роҳандозӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ ва соҳавӣ равона шудааст.

Аз ҷумла, фаъолияти Донишгоҳ дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020–2040)», «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030)», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» ва эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» амалӣ гардидааст.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки соли ҷорӣ ба давраи баргузории як қатор чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ рост омада, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои дахлдор саҳми арзанда гузошта истодааст.

Аз рӯйдодҳои муҳимми давраи ҳисоботӣ идомаи сиёсати дастгирии соҳаи маориф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Бо дарназардошти зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маориф аз 1 сентябри соли 2026, тибқи қарори Шурои олимони Донишгоҳ инчунин тасмим гирифта шуд, ки музди меҳнати амалкунандаи омӯзгорон ва кормандони асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҳамин муҳлат ба андозаи иловагии 10 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат оид ба рушди илм, тақвияти иқтидори илмии кишвар ва ҳавасмандгардонии муҳаққиқон тадбирҳои нав амалӣ гардидаанд. Бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ омӯзгорону кормандони асосӣ барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва доктори фалсафа (Ph.D) ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ ё доктор ҳабилитат ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Ин иқдом ба рушди мактабҳои илмӣ, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар идомаи ҷаласа устодони Донишгоҳ — декани факултети журналистика Ҳошимзода Б. ва мудири кафедраи фармакогнозияи факултети фармасевтӣ М. Ҳ. Раҳимова суханронӣ намуда, натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2026 қаноатбахш арзёбӣ карданд.

Дар фарҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026, вазифаҳо барои нимсолаи дуюми сол ва дигар масъалаҳои муҳимми илмию таълимӣ қарори дахлдор қабул гардид.