РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ – ПАЁМИ СУЛҲ, ДОНИШ ВА ОЯНДАСОЗӢ ДАР ДМТ

16

(Аз ҷараёни таҷлили Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар ДМТ)

Заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти Истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил шуд. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар ин санаи муборак ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ба Донишгоҳ ташриф овард. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳузури меҳмон ва аҳли нишастро ба ин боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Дар зимн аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дастгирии пайвастаи Пешвои миллат аҳли илму маорифро водор месозад, ки бо масъулияти баланд рисолати касбӣ ва шаҳрвандии худро иҷро намуда, дар раванди рушди устувори ҷомеа ва давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози давлат бояд аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, барои аз худ кардани илму дониш, касбу ҳунар ва малакаҳои муосир пайваста талош намоянд.

«Бинобар ин, ҷавонони азизро даъват менамоям, ки вақтро ғанимат донанд, илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосирро аз худ намоянд, забонҳои хориҷӣ, истифодаи технологияҳои замонавӣ ва зеҳни сунъиро дар сатҳи баланд омӯзанд ва худро барои зиндагии шоиста ва ояндаи ободи Тоҷикистон омода созанд», – иброз дошт Ректори Донишгоҳ.

Зариф Ализода зимни ироаи номаи табрикотӣ аз бар намудани илму донишро барои донишҷӯён вазифаи аввалиндараҷа номида, таъкид кард, ки устодон бояд кӯшиш намоянд, мутахассисони хуб ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯро ба камол расонанд. Зимнан дар робита ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат нисбат ба мактабу маориф ва рушди илму истеҳсолот ибрози андеша намуда, саҳми устодону кормандони Донишгоҳро дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат назаррас арзёбӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки имрӯз ҷомеа аз Донишгоҳ на танҳо мутахассиси дорои диплом, балки шахси соҳибмаърифат, ташаббускор, навовар, дорои тафаккури илмӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватандориро интизор аст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як омӯзгор ва корманди соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда барои тарбияи чунин насл саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар интиҳо намояндаи хатмкардаи Донишгоҳ – Зоир Насруллозода ба хотири такмили минбаъдаи савияи дониш дафтарчаи имтиҳонӣ ва калиди рамзии Донишгоҳро ба намоянда аз донишҷӯёни курси якуми Донишгоҳ – донишҷӯйи факултети филология Мунира Камолова супорид.

Нишаст бо сухани хотимавии хатмкарда Зоир Насруллозода ва таманниёти неки донишҷӯи курси якум Мунира Камолова ба охир расид.