УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ БО МУКОФОТ ВА ҶОИЗАҲОИ ДАВЛАТӢ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

14

31 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Дар маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуда, намояндагони касбу кори гуногунро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва сазовор гардидан ба мукофотҳои давлатӣ табрик намуд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусу роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати содиқонаи мардуми кишвар дар самтҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ пешрафтҳои назаррас ба даст омада, барои рушди устувори мамлакат ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

Баъди суханронӣ маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ дар фазои тантанавӣ идома ёфт.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаҳои илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», беш аз 170 нафар барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои гуногун ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Аз ҷумла, 5 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи II, 65 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 3 нафар бо медали «Шафқат», 41 нафар бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 3 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин, 8 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2026, 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 2026, 15 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2026 ва 33 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардиданд.

Дар миёни шахсони бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадршуда устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ қарор доранд. Ин қадршиносӣ далели саҳми арзандаи олимону омӯзгорони Донишгоҳ дар рушди илму маориф, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодону кормандони сазовори мукофот ва ҷоизаҳои давлатиро ба муносибати ин дастоварди муҳим самимона табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгорӣ, таҳқиқотӣ ва созандаашон муваффақиятҳои беназир орзу менамояд.