Имрӯз (15.09.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Улуғзода конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ баргузор гардид.
Конференсия таҳти унвони “Ҷойгоҳи Сотим Улуғзода дар адабиёту фарҳанги миллӣ” дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир шуда, дар он олимону муҳаққиқон, аҳли адаб, намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани муқаддимавии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оғоз гардид.
Дар оғоз таъкид гардид, ки соли ҷорӣ бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 115-солагии Сотим Улуғзода таҷлил мегардад. Таъкид шуд, ки Сотим Улуғзода яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, ҷойгоҳи ӯ дар рушди насри тоҷик ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ назаррас мебошад. Дар конференсия раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, декани факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ӯлмасова Замирахон Ҳабибуллоевна, профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро Чориев Таваккал Равшанович, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро Ураева Дармоной Саидаҳмедовна, доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Бухоро Қувватова Дилрабо Ҳабибовна ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Бақозода Сайрам Абдусаттор иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ректори Донишгоҳ нақши муассири Сотим Улуғзодаро дар ташаккул ва рушди адабиёти тоҷик, бахусус насри таърихӣ, таъкид намуда, баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар самти омӯзиши амиқи мероси адабию фарҳангии миллат муҳим арзёбӣ кард.
«Осори Сотим Улуғзода ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси адабии тоҷик дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии насли наврас нақши муассир дорад. Омӯзиш ва таҳқиқи илмии мероси гаронбаҳои ин адиби маъруф барои муаррифии таъриху фарҳанги тоҷикон ва рушди адабиётшиносии миллӣ аҳаммияти хосса дорад».
Дар идомаи конференсия раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим суханронӣ намуда, аз ҷойгоҳи Сотим Улуғзода дар адабиёти тоҷик ва нақши осори ӯ дар рушди насри миллӣ ёдовар шуд.
Сипас доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ оид ба паҳлуҳои муҳимми фаъолияти адабӣ ва илмии Сотим Улуғзода, хусусиятҳои осори ӯ ва нақши нависанда дар рушди адабиёти тоҷик, суханронӣ намуд. Дар идома зумрае аз иштирокчиён дар робита ба паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти С. Улуғзода маърузаҳо намуданд.
Дар доираи маърӯзаҳо масъалаҳои марбут ба тасвири воқеаҳои таърихӣ дар осори Сотим Улуғзода, хусусиятҳои бадеии асарҳои нависанда, бозтоби ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум, робитаи адабиёт бо таърих ва аҳаммияти осори ӯ дар таҳкими худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Сотим Улуғзода аз ҷумлаи адибони маъруф ва таъсиргузори адабиёти тоҷик ба шумор рафта, бо осори гаронбаҳои худ дар рушди насри миллӣ, бахусус насри таърихӣ, саҳми арзанда гузоштааст. Асарҳои ӯ бо фарогирии мавзуъҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шинохти гузашта, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва тарбияи ҳисси худшиносии хонандагон ҷойгоҳи муҳим доранд.
Баргузории конференсияи байналмилалӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат сурат гирифта, таҷлили 115-солагии Сотим Улуғзода бозгӯйи таваҷҷуҳи пайвастаи ҷомеаи илмӣ ба омӯзиш, таҳқиқ ва муаррифии мероси адабии бузургони миллат мебошад.
Ёдрас мешавем, ки идомаи конференсияи байналмилалӣ дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳ доир мегардад.








