Ахбор

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ДАР ҶОМИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

2 дақ. хондан

13-14 ноябри соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Идоракунии давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар доираи чорабинии мазкур Ҷоми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни назарияи иқтисодӣ баргузор гардида, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси «Иқтисодиёти ҷаҳон»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатов Давлаталӣ бо роҳнамоии мудири кафедра Мустафо Сайфуллозода таҳти роҳбарии дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии назарияи иқтисодӣ Юсупов Сидиқ дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардид.

Дар маросими ҷамъбасти озмун ба ғолиб ҷом ва ифтихорнома тақдим карда шуд.

Бояд гуфт, ки дастоварди донишҷӯ аз сатҳи баланди дониш, омодагии ҳамаҷониба ва талошҳои пайвастаи ӯ дар роҳи омӯзиши илмҳои иқтисодӣ шаҳодат медиҳад.

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Давлатов Давлаталиро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, ба ӯ дар роҳи таҳсил ва дастовардҳои минбаъда муваффақиятҳои нав орзу менамояд.