Ахбор

ИШТИРОКИ ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА МЕРОСИ ИЛМӢ ВА ФАЛСАФИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР ЖЕНЕВА

2 дақ. хондан

12 ноябри соли 2026 дар Қасри Миллатҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо кишварҳои форсизабон конфронси байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Абӯалӣ ибни Сино ва саҳми ӯ дар ташаккули ҷаҳонбинии нави илмӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ҳадафи арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ ва маънавии яке аз бузургтарин нобиғаҳои тамаддуни башар – Абӯалӣ ибни Сино, инчунин муаррифии нақши арзишманди ӯ дар ташаккул ва рушди тафаккури илмии ҷаҳонӣ баргузор шуда, ба таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва густариши муколамаи тамаддунҳо бахшида шуда буд.
Дар кори конфронс олимону муҳаққиқон, коршиносони соҳаҳои гуногуни илм ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок намуда, паҳлуҳои мухталифи осори илмӣ ва фалсафии Абӯалӣ ибни Сино, саҳми ӯ дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ ва дигар соҳаҳои дониш, инчунин аҳаммияти афкори инсонмеҳваронаи ӯро дар ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ ва табодули афкор қарор доданд.
Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидраҳмон Сулаймонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни муҳокимаву суханрониҳо таъкид гардид, ки мероси илмии Абӯалӣ ибни Сино на танҳо ба рушди тамаддуни Шарқ, балки ба ташаккули афкори илмӣ ва фалсафии Ғарб низ таъсири амиқ расонида, то имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳими дониш, хирад, инсонгароӣ ва ҳамзистии тамаддунҳо аҳаммияти худро нигоҳ доштааст.
Баргузории чунин конфронсҳои байналмилалӣ дар ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид бори дигар аз ҷойгоҳи арзишманди мероси илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва нақши муассири Тоҷикистон дар муаррифии арзишҳои умумибашарӣ шаҳодат медиҳад.