Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 34-умин солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (20.11.2026) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва бахши кор бо духтарон ва занони Донишгоҳ дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030», курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.
Курси омӯзишии мазкур бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, тақвияти қобилияти роҳбарӣ, рушди малакаҳои ташаббускорӣ ва ташкилотчигӣ, инчунин густариши донишҳои сиёсиву иҷтимоии донишҷӯдухтарон роҳандозӣ гардида, барои ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавони роҳбарикунанда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар кори курс варзишгари маъруфи тоҷик, дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ, дорандаи Ордени «Шараф» дараҷаи II ва устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Чориева иштирок ва суханронӣ намуд.
Зимни баромади худ номбурда таъкид намуд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақш ва мақоми занон дар ҷомеа беш аз пеш боло рафта, барои иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шароити мусоиду фарох фароҳам оварда шудааст.
Мавсуф дар идомаи суханронии худ аз таҷрибаи фаъолияти варзишӣ, роҳи тайкардаи худ то расидан ба дастовардҳои сатҳи байналмилалӣ ва нақши иродаи қавӣ, меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ҳадафмандиро дар расидан ба муваффақият ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳар як ҷавондухтар бояд ба неру ва имкониятҳои худ эътимод дошта бошад, барои расидан ба ҳадафҳои созанда талош намояд ва дар баробари омӯзишу такмили дониш, масъулияти худро дар назди ҷомеа ва давлат эҳсос кунад.
Зикр гардид, ки муваффақият дар ҳар соҳа, пеш аз ҳама, аз заҳмати пайваста, интизом, матонат, иродаи қавӣ ва боварӣ ба неруи худ вобаста буда, маҳз чунин сифатҳо заминаи ташаккули шахсияти мустақил ва роҳбари муваффақро фароҳам меоранд.
Қобили зикр аст, ки баргузории чунин курсҳои омӯзишӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва сиёсати гендерӣ, тарбияи кадрҳои ояндадори роҳбарикунанда ва фароҳам овардани имконият барои иштироки фаъоли занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Зимнан баргузории курси омӯзишии «Зан-сарвар» имконият медиҳад, ки донишҷӯдухтарон таҷриба, дониш ва малакаҳои роҳбариро дар муҳити таълимӣ дарёфт кунанд ва ба як насли пешбаранда ва фаъол табдил ёбанд.
