Санаи 19-уми ноябри соли 2026 дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳимми тарбиявӣ ва таълимӣ, аз қабили пешгирии таъсири гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ба ҷавонон, риояи интизоми таълим ва қоидаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз Ватан, ҳифзи фарҳанги миллӣ бо донишҷӯёни факултетҳои химия ва фарматсевтӣ вохӯрии маърифативу тарбиявӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Шарифзода И.М. – сардори раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шарифзода Ҷ.С. – сардори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, Ҳасанов Ф.Н. – декани факултети химия ва Каримзода Ф. – декани факултети фарматсевтӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба ҳозирин ёдрас карда шуд, ки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷавононро ба илмомӯзӣ, азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлату ҷомеа ҳидоят менамоянд. Дар ин замина, донишҷӯён ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа бояд аз имконоти фароҳамовардашуда самаранок истифода намуда, барои соҳибкасб ва мутахассиси арзандаи соҳаи худ шудан пайваста кӯшиш намоянд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ҳифзи онҳо аз таъсири ақидаҳои ифротӣ, баланд бардоштани ҳушёрии сиёсӣ ва истифодаи оқилонаву мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Таъкид карда шуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ намояндагони гурӯҳҳои экстремистию террористӣ барои паҳн намудани андешаҳои ғаразнок ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти ғайриқонунӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд истифода мебаранд.
Аз ин рӯ, донишҷӯён бояд дорои тафаккури илмию интиқодӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ буда, маълумоти саҳеҳро аз хабарҳои бардурӯғ, таблиғоти ифротӣ ва даъватҳои шубҳанок фарқ карда тавонанд. Ҳамзамон, дар вохӯрӣ масъалаҳои риояи интизоми таълим, давомоти мунтазами донишҷӯён, сари вақт ҳозир шудан ба машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ, роҳ надодан ба тарки худсаронаи дарсҳо ва истифодаи самараноки вақти таълим мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Махсус таъкид шуд, ки донишҷӯён новобаста аз сабабҳои шахсӣ бе иҷозат ва бе сабаби узрнок машғулиятҳои таълимиро тарк карда наметавонанд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳҳои донишҷӯён, риояи талаботи санитарию бехатарӣ ва пешгирии ҳама гуна амалҳои хилофи қонун таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Масъалаҳои дигари мавриди баррасӣ пешгирии истифодаи сигорҳои электронӣ, маҳсулоти тамоку ва дигар моддаҳои зараровар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, риояи талаботи муқарраршуда оид ба истифода набурдани автомобилҳои шахсӣ барои ҳозир шудан ба Донишгоҳ, зарурати омодагии ҳамаҷониба ба машғулиятҳои семинарӣ, мутолиаи адабиёти илмию таълимӣ, иҷрои супоришҳои мустақилона, истифодаи китобхонаҳои электронӣ, маҷаллаҳои илмӣ, пойгоҳҳои иттилоотӣ ва дигар захираҳои муосири таълимӣ, истифодаи оқилонаи зеҳни сунъӣ ва дигар масъалаҳои ба таълиму тарбия алоқаманд буданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ махсус таъкид карда шуд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози ҷомеа бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносӣ, ахлоқи ҳамида ва муносибати ҷиддӣ ба таҳсил барои азхудкунии илму дониш, малакаҳои касбӣ ва ҳифзи обрӯю нуфузи Донишгоҳ саъю кӯшиш намоянд.
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ХИМИЯ ВА ФАРМАТСЕВТӢ
