Имрӯз (19.11.2026) дар толори профессор Ш. Ҳусейнзодаи Донишгоҳ вохӯрии намояндагони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини сардори Маркази муқовимат бо савдои одамон, подполковник Саидзода И. ва лейтенанти калони милитсия Мирализода С. иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон, роҳҳои пешгирии он ва нақши ҷомеа дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб андешаву маълумоти муфид ироа карданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки савдои одамон яке аз шаклҳои вазнини ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ба ҳисоб рафта, ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро поймол менамояд. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо ба амнияти шаҳрвандон, балки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шараф, ҳаёт ва саломатии инсонҳо таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.
Ҳамзамон, иштирокчиён ба масъалаи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, №403, «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2025–2027» таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон ҳамкории мутақобилаи вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Дар идомаи вохӯрӣ роҳҳои асосии пешгирии савдои одамон ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олиро дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид шуд, ки ҷиҳати пешгирии ин падидаи номатлуб зарур аст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ баргузории вохӯриҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар тақвият ёфта, корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар байни донишҷӯён мунтазам ба роҳ монда шаванд.
Дар фарҷоми нишаст зарурати баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз хатару оқибатҳои савдои одамон, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҳушёрии шаҳрвандӣ таъкид гардид.
