ДАСТГИРИИ ТАБИБОН

968

Тайи рӯзҳои охир дар пайравӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ маоши як моҳа ва ё панҷоҳ фоизи онро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди коронавирус бахшида истодаанд. Дар пайи ин иқдом ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикстон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. маоши як моҳонаи худро ба суратҳисоби фонди хайриявии таъсисдодаи ситоди ҷумҳуриявӣ бахшид.

Ҳамзамон, санаи 6-уми май бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ба кормандони қисмати 5 «А»-и Беморҳонаи «Истиқлол»-и пойтахт кумаки молиявӣ ва беш аз 250 ниқоби тиббӣ, ки дар Дукони дӯзандагии назди хобгоҳи №6-и донишгоҳ омода шуда буданд, ҳамчун хайрияи рамазонӣ супорида шуд. Зимни супоридани хайрияи рамазонӣ намояндагони донишгоҳ – муовини аввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба таълим Абдулмуминзода Н.А., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Мирзамонзода Х.М. бо сардухтури қисмати 5 «А»-и беморхона Ҳасан Зуҳуров ва чанде аз кормандони беморхона дар самти хуб ба роҳ мондани фаъолияти корӣ ва камбудиҳои ҷойдошта суҳбат намуданд.

Инчунин, санаи 7-уми май ба кормандони бахши бемориҳои сироятии Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи Карим Аҳмадов (Якум Советский) кумаки хайриявӣ расонид. Кумаки хайриявӣ аз маводи хӯрока ва ниёзи аввалияи тиббӣ, аз қабли шириниҳои гуногун ва сачоқчаҳои намнок иборат буд.