ҚАДРДОНИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲ

944

Имрӯз (07.09.2020) дар толори Шӯрои олмиони Донишгоҳи миллӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ш.И. ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода М.С. ба истиқболи 29 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанде аз устодону кормандони донишгоҳ мукофотҳои давлатӣ супориданд.

Аввалан ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қироат намуда, зикр намуданд, ки заҳмати созандаву бунёдкорона аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр устодони зерини донишгоҳ: Раҳмоналӣ Шарифов – декани факултети таърих, Раҳимҷон Одинаев – декани факултети механикаю математика, Раҳматулло Сатторов – устоди факултети биология, Самир Саидов – устоди факултети химия бо медали «Хизмати шоиста» ва Сироҷиддини Эмомалӣ – декани факултети филология, Қосимзода Солеҳ- муовини сардори раёсати таълим, Шоҳрух Ғаффоров – директори литсейи донишгоҳ ва Табарзода Орифҷон – устоди факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ бо «Ифтихорнома»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.