Имрӯз (05.11.2026) бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – 6 ноябр дар байни донишҷӯёни Донишгоҳ чорабинии маърифатӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ устодони Донишгоҳ, ҳуқуқшиносон Шерзода Б. ва Сулаймонзода М. доир ба аҳаммияти таърихию ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия, дарки амиқи меъёрҳои он ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ва донишҷӯён, дар таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим доранд.
